Бо рақамчинӣ намудани фармоиши *#06#, дар қуттии воситаҳои мобилӣ бевосита дар зери штрих-код, дар батарея (паси телефон), саҳифаи танзимоти (настройка) таҷҳизот ва варақаи кафолатии таҷҳизот (гарантийний талон).
1. Дар портали ягонаи (сайт) Оператори системаи давлатӣ: www.imei.tj
2. Тавассути USSD-дархости *3366#.
3.Тавассути USSD-дархости *3366*рамзи-IMEI# мақоми рамзи IMEI-и махсуси воридкардашуда, муайян карда мешавад.
Мақоми рамзи IMEI ин маълумот оид ба ҷойгиршавии рамзи IMEI – и воситаи мобилӣ дар рӯйхатҳои махзани иттилоотии Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ. 4 навъи мақоми рамзи IMEI вуҷуд дорад.
1) Рӯйхати сафед - Рамзи IMEI-и таҷҳизот ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ворид шудааст.
2) Рӯйхати хокистарранг - Таҷҳизот аз барасмиятдарории гумрукӣ нагузаштааст. Дар муддати 30 рӯз бо истифода аз портали ягона www.imei.tj рамзи IMEI-и дастгоҳ бояд ба Системаи давлатӣ ворид карда шавад. Дар сурати баръакс, хизматрасонии алоқаи барқӣ (интернет, зангҳо, SMS, USSD - дархостҳо) қатъ мегардад.
3) Рӯйхати сиёҳ - Рамзи IMEI-и таҷҳизот аз барасмиятдарории гумрукӣ нагузаштааст, аз ҳамин сабаб хизматрасониҳои алоқаи барқӣ: (интернет, зангҳо, SMS, USSD - дархостҳо) барои ин воситаи мобилӣ қатъ карда шудааст.
4) Руйхати алоқамандшудаи сафед - рӯйхати рамзҳои IMEI -и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки ҳаммонанд шудаанд ё муайян нашудаанд, лекин ба таври автоматӣ бо пайвасти IMEI ва рақами телефони муштарӣ ба Системаи давлатӣ ворид шудаанд. Воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бо рамзи IMEI, ки ба рӯйхати сафед алоқаманданд, танҳо бо рақамҳои бо он воридшуда истифода бурда мешаванд.
Агар воситаи мобилии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роуминги байналмилалӣ фаъолият намояд, дар ин ҳолат зарурияти воридсозии воситаҳои мобилии шаҳрвандони хориҷӣ ба Системаи давлатӣ вуҷуд надорад. Инчунин шаҳрванди хориҷӣ дар давоми 30 рӯз имконияти истифодаи хизматрасониҳои алоқаи мобилии маҳаллиро бе гузаштани расмиёти воридсозии рамзи IMEI ба Системаи давлатӣ доранд. Аммо агар шаҳрванди хориҷӣ нияти будубоши бештар аз 30 рӯз дар қаламрави Тоҷикистонро дошта бошад рамзи IMEI – и таҷҳизоти ӯ тибқи тартиби муқарраркардаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2023, №208 амалӣ карда мешавад.
Шарҳвандон пеш аз харидорӣ намудани телефони мобилӣ, планшет ва ё дастгоҳҳои сайёр дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аввал мавҷуд будани рамзи IMEI-и ин дастгоҳро дар Системаи давлатӣ бо истифода аз портали ягонаи www.imei.tj, фармоиши *3366# ва ё бо фармоиши махсуси *3366*IMEI# тафтиш намояд. Агар муайян гардид, ки рамзи IMEI - и воситаи мобилӣ (телефон, планшет, КПК) ба системаи давлатӣ ворид нагардидааст ( дар руйхати хокистарранг ва ё сиёҳ қарор дорад), пас аз харидории чунин таҷҳизот худдорӣ намоед.
Маҳдудиятҳои хизматрасонии алокаи барқӣ барои рамзи IMEI-и воситаҳои мобилие, ки дар “рӯйхати сиёҳ” қарор доранд, танҳо баъд аз гузаштани расмиёти гумрукӣ гирифта мешавад. Пас аз воридкунии бомуваффақияти рамзи IMEI ба “рӯйхати сафед” бояд таҷҳизоти мобилиро бозоғоз намуд.
Воситаи мобилии дорои ду ё зиёда модули SIM – корт мутаносибан дорои рамзи IMEI мебошад, ки барои истифодаи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ( интернет, зангҳо, SMS, USSD - дархостҳо) ҳар як рамзи IMEI – и он бояд ба Системаи давлатӣ ворид карда шавад.Рамзи IMEI-и воситаҳои мобилӣ ба Системаи давлатӣ новобаста аз иваз шудани SIM-корт як маротиба ворид карда мешавад.
Пас аз фаъол намудани SIM-корт дар таҷҳизоти мобилӣ зарур аст, ки онро дар давоми 30 рӯз ба Системаи давлатӣ ворид кунед.
Ҳангоми гум ё дуздида шудани таҷҳизоти мобилӣ метавон ба мақомоти корҳои дохилии Чумҳурии Точикистон бо пешниҳоди ҳуҷҷати соҳибмулкӣ, муайянкунандаи рамзи IMEI-и таҷҳизоти мобилӣ муроҷиат намуд.
Барои соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ имконияти кушодани утоқи шахсӣ дар портали ягонаи Оператори системаи давлатӣ ҷиҳати воридсозии рамзҳои IMEI-и воситаҳои мобилӣ таъмин карда шудааст. Барои кушодани утоқи шахсӣ соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқиро мебояд, ки ба портали ягонаи www.imei.tj ворид шуда, дар он сутуни дархост барои шахсони ҳуқуқиро интихоб намоянд. Бо пайдо шудани маълумот сутуни бақайдгириро пахш намоянд ва дар он маълумотҳои зарурӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисиро ворид созанд.
Оператори системаи давлатӣ пас аз тафтиши дурустии маълумотҳои ирсолкардаи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ дархостро тасдиқ ва ё рад менамояд. Баъд аз тасдиқ шудани дархост СМС – паёмак ба рақами телефони нишондодашуда ирсол мегардад. Пас аз кушодани утоқи шахсӣ Соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ метавонанд бо истифода аз логин (ном) ва рамз ба утоқи шахсӣ даромада, ҳамаи рамзҳои IMEI-и воситаҳои мобилиро ба Системаи давлатӣ ворид намоянд. Бо ворид намудани рамзҳои IMEI-и воситаҳои мобилӣ ба портали ягона, Система ба таври автоматӣ намуд, тамға, хусусият ва нархи воситаҳои мобилиро муқаррар намуда, ба Воридоткунанда арзиши пардохтҳои гумрукиро тариқи SMS-паёмак ирсол мекунад.
Пас аз пардохти пурраи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби воридоткунанда, декларатсияи гумрукӣ тартиб дода шуда, рамзҳои IMEI-и воситаҳои мобилии пешниҳодшуда ба Системаи давлатӣ ворид карда мешаванд ва бо ин соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ метавонанд озодона воситаҳои мобилии воридотшударо ба фурӯш бароранд.
Маҳдудият вуҷуд надорад.
Рамзи IMEI – и ҳама дастгоҳҳое, ки дорои слоти SIM-корт мебошанд (телефонҳо, планшетҳо, дастгоҳҳои сайёр, соатҳои ҳушманд, роутерҳо, дастгоҳҳои ҳушманд ва ғайра) ба Системаи давлатӣ ворид карда мешаванд.
Рамзи IMEI – и воситаҳои мобилие, ки то 1 октябри соли 2023 дар шабакаҳои операторони мобилии маҳаллӣ фаъол буданд, ба таври автоматӣ ва ройгон ба Системаи давлатӣ ворид карда шудаанд.
Дигар таҷҳизотҳо, аз ҷумла адаптер, роутер, ҳисобкунаки электроэнергия, воситаҳои нақлиёт бо модули SIM, модулҳои GPS, GSM/GPRS ва POS-терминалҳо, компютер ва ноутбукҳо, модемҳо, соат ва фитнес дастбандҳо бо модули SIM – корт ба таври автоматӣ пас аз пайвастшавии якуми шабакавӣ бе иштироки истифодабаранда ба Системаи давлатӣ ворид карда мешавад.
Ба истиснои талефонҳои мобилӣ, планшетҳо ва дастгоҳҳои сайёру киссагӣ (КПК), ки барои ба Системаи давлатӣ воридсозии рамзи IMEI-и онҳо мавҷудияти декларатсияи гумрукӣ талаб карда мешавад.
Воридсозии рамзи IMEI ба Системаи давлатӣ, бе истисно, барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ягона пешбинӣ шудааст.
© IMEI 2021-2023. Ҳамаи ҳуқуқ таҳти ҳимоя қарор дорад.