Дар Точикистон вориднамоии рамзҳои IMEI ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алокаи барқӣ идома дорад. Рамзҳои IMEI-и ҳамаи таҷҳизотҳои мобилӣ, ки слоти симкорт доранд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид карда шаванд. Дар сурати ба система ворид нашудани рамзи IMEI, хизматрасонии операторхои алоқаи мобилӣ метавонад қатъ карда шавад.
Мақоми таҷҳизоти мобилиро метавонед бо рақамчинии фармоиши USSD *3366# ва ё дар сомонаи imei.tj муайян намоед.
Воридкунии рамзҳои IMEI-и таҷҳизотҳои мобилӣ ба Системаи давлатӣ то 30 апрел ройгон ба таври автоматӣ бо роҳи пайвастшавӣ ба шабакахои операторхои алокаи мобилӣ сурат мегирад. Барои ин кофист, ки таҷҳизоти мобилиро хомуш намуда, дубора фаъол гардонед.
Чати анонимӣ
Рамзи QR-ро дар зер скан кунед, то дар бораи фурӯши дастгоҳҳои мобилии ғайриқонунӣ воридшуда ё бе расмиёти гумруки ворид шуда хабар диҳед.
Лутфан ба қадри имкон маълумоти бештар, аз ҷумла номи мағоза, суроға ё номи фурӯшанда пешниҳод кунед, то мо тавонем ин холатхоро самаранок тафтиш кунем.
Паёми шумо комилан махфӣ хоҳад буд. Мо кафолат медиҳем, ки шахсияти шумо ошкор нахоҳад шуд. Мо ба қатъ кардани тиҷорати ғайриқонунӣ ҷиддӣ муносибат мекунем ва кӯмаки шуморо дар ин кор қадр мекунем.
Ташаккур ба шумо барои кумакатон дар ҳифзи қонун ва стандартҳои баланди хидмат.
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар системаи бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ тибқи идентификатори байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ (минбаъд - система) дар муҳлати зерин ба роҳ монда шавад:
- аз лаҳзаи ҷорӣ намудани система дар давоми 3 моҳ дар асоси таҷрибавӣ ба таври ройгон тариқи низоми автоматӣ бо роҳи пайвастшавӣ (фаъолкунӣ) ба шабакаҳои операторони алоқаи барқӣ;
- аз лаҳзаи анҷоми бақайдгирии автоматӣ дар давоми 6 моҳ дар асоси таҷрибавӣ ба таври ройгон тариқи истифода аз портали ягона ё бо усулҳои дигаре, ки дар Тартиби замимагардида муайян шудаанд;
- аз лаҳзаи итмоми бақайдгирии ройгон ба таври музднок тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" ва Тартиби замимагардида.
3. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ кардани Тартиби мазкур то 1 июни соли 2020 тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории хусусӣ оператори системаро муайян намояд.
4. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор то 1 августи соли 2020 санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии худро ба талаботи қарори мазкур мутобиқ намоянд.
5. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкатҳои мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани корҳои васеи фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ таъмин намоянд.